Мансаби нави Ҷамолиддин Убайдулло. Сафирони нави Тоҷикистон дар Италия, Фаронса, Австрия кистанд?

Имрӯз бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафирони Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Италия, Фаронса ва Австрия иваз шуданд.

Бо фармони фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Убайдулло Маҳмадсаид Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия тайин карда шуд. Ӯ то ин давра Сафири Тоҷикистон дар Фаронса буд.  

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ҳомидзода Ҷамшед Тағай Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия таъин карда шуд. Ӯ то ин дам сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Ҷобир Манучеҳр Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *