Мансур: Бо тоҷикон ҳамкорӣ мекунам!

Мансур Ҷаъфарӣ сарояндаи маъруфи эронитабори Амрико дирӯз вориди Душанбе шуд ва доир ба консерту нақшаҳои эҷодиаш бо рӯзноманигорон сӯҳбат орост.

Мансур мегӯяд, ки консерти наваш дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе албоми ҷадид аст ва онро мухлисони тоҷикаш бори аввал мешунаванд.

“Албатта, ман аз сурудҳои қаблиам, ки дар Тоҷикистон маҳбубият доранд, низ месароям. Вале аксари кулли сурудҳо офаридаҳои тозаи мананд, ки умедворам ба қалби тоҷикистониҳо роҳ ёбанд”.

Мансур мегӯяд, ки баъди сафарҳои қаблиаш ҳамеша дар ёди Тоҷикистон будааст:

“Ман Тоҷикистонро дӯст дорам ва тӯли солҳое, ки наомадам ҳамеша дар ёди мардуми азизи шумо будам. Душанберо дида дар ҳайрат мондам, шаҳр хеле тағйир карда”- мегӯяд Мансур.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.