Марги ҳамсар аз ҷониби шавҳар дар Ҳамадонӣ
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дап пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 49- солаи ноҳияи М. Ҳамадониро бо гумони қасдан расонидани зарар ба ҳамсараш дастгир шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ гумонбар пештар бо қисми 2 моддаи 195 ва қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
“Гумонбаршаванда 5-уми декабри соли 2025, бинобар сабаби нофаҳмӣ дар зиндагӣ бо ҳамсараш зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо дар манзили истиқоматиаш баҳсу даъво намуда, сипас ӯро бо дасту пойҳо ва калтакчӯб мавриди лату кӯб қарор дода, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст.
6-уми декабри соли 2025, тахминан соати 20:30-дақиқа, вазъи саломатии ҷабрдида бад шуда, дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст”, навиштааст манбаъ.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати гумонбаршаванда боз шуда тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ