Марги падар ва ду тифли хурдсолаш дар як садамаи нақлиётӣ

Дар як садамаи фоҷиабор рӯзи 9-уми январ дар ҷамоати Кайқубоди ноҳияи Қубодиён, падари 32-сола Ҷурабек Сафаров бо ду тифли хурдсолаш – Абдуллои 4-сола ва Яҳёи 2-сола ҷон бохтаанд. Танҳо писари бузургаш Муҳаммад дар бемористон бо захмҳои ҷисмонӣ бистарӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳодиса дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошин барнаомадан рух дода, мошин ба канал ё наҳр чаппа шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2025 бар асари бархӯрди мошини сабукрав бо боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, панҷ узви як оила ҳалок шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *