Маргзи 3 шаҳрванди Чин дар тирандозии шаби 26-уми ноябр аз ҷониби Афғонистон
Pressa .tj Шаби 26 ноябри соли 2025 ҳамлаи мусаллаҳона аз ҷониби қаламрави Афғонистон ба бошишгоҳи кормандони ҶДММ “Шоҳин СМ” воқеъ дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи 1-уми сарҳадии “Истиқлол”- отряди сарҳадии “Ёл”-и вилояти Хатлон сурат гирифт, менависад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба навиштаи манбаъ, ҳамлаи мазкур бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишини муҷаҳҳаз бо нориҷак амалӣ гаштааст, ки дар натиҷаи он се корманди ҶДММ “Шоҳин СМ” – шаҳрвандони Чин ба ҳалокат расиданд.
Бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон, амалҳои гуруҳҳои ҷинояткори воқеъ дар қаламрави он кишвар барои халалдор намудани вазъи сарҳадӣ идома доранд.
Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори нигаронии амиқ ин амалҳои мудҳиши гуруҳҳои ҳаросафканро қотеона маҳкум намуда, аз мақомоти феълии Афғонистон барои андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати таъмини суботу амният дар хатти сарҳади давлатии ду кишвари ҳамсоя даъват ба амал меоварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ