7 қоидаи асосӣ барои саводи молиявӣ

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки барои зиндагии хуб даромади зиёд муҳимтар аст. Аммо воқеият чунин нест. Маҳорати идора кардани пул, яъне саводи молиявӣ муҳимтар аз худи маблағ аст. 7 қоидаи асосӣ барои саводи молиявӣ ба шумо пешниҳод мешавад, ки на танҳо барои назорати пул, балки ба даст овардани фоида низ муфид аст:

Якум, камтар аз даромад сарф кунед. Пасандоз кардани маблағи хурд, вале мунтазам муҳим аст. Ин оҳиста-оҳиста ба одат табдил меёбад ва  захираи муҳими молиявӣ месозад.

Дуюм, “болишти амнияти молиявӣ” дошта бошед. Ин маблағест, ки танҳо дар ҳолатҳои фавқулода сарф мешавад. Мисли бекорӣ, беморӣ, таъмир ё ҳолатҳои изтирорӣ. Маблағи кофӣ барои 6-12 моҳ хароҷоти зиндагӣ аст.

Сеюм, ҳадафҳои молиявӣ гузоред. Барои ноил шудан ба чизҳои муҳим, мисли хариди мошин, таътил ё таъмир, шумо бояд донед, ки чӣ қадар маблағ лозим аст, дар чӣ қадар муҳлат мехоҳед ба ҳадаф расед.

Чорум, аз хизматрасониҳои бонкӣ фоида гиред. Масалан, бонкҳо аксияҳои гуногун, мукофотпулиҳо, кэшбэкҳои фоиданок доранд. Бо интихоби дуруст шумо метавонед сарфа кунед ва даромади бештар ба даст оред.

Панҷум, қарзро ба мақсад мувофиқ ва бо масъулият гиред. Зеро қарз воситаи молиявӣ аст, на наҷотдиҳанда. Пеш аз қарз гирифтан, пардохтҳоро ҳисоб кунед ва шароитро бодиққат омӯзед. Ба қарзҳои бо фоизи баланд ва шартҳои номаълум наздик нашавед.

Шашум, назорати хароҷотро ба одат табдил диҳед. Бо истифода аз барномаҳои онлайнии бонк метавонед хароҷотро гурӯҳбандӣ ва таҳлил кунед. Ин кумак мекунад, ки хароҷоти беҳуда кам ва пасандозҳо зиёд шаванд.

Ҳафтум, аз маълумоти молиявӣ ҳамеша огоҳ бошеду пайгирӣ кунед.

Яъне, хабарҳои иқтисодӣ ва навгонӣ дар соҳаи молия метавонанд ба қабули қарорҳои шумо таъсир расонанд. Барои мисол, тағйири фоизи пасандоз ё арзиши асъор.

Хулоса, саводи молиявӣ барои маҳдуд кардани худ не, балки назорати пул ва ба даст овардани фоида аст. Ҳар шахс метавонад ин малакаҳоро омӯзад ва дар зиндагии худ татбиқ намояд. Бо баланд бардоштани саводи молиявии худ, шумо на танҳо пул, ҳатто зиндагии худро идора мекунед.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *