Масатсугу Президенти нави Бонки Осиёгии Рушд

Масатсугу Асакава президенти нави Бонки Осиёгии Рушд ба фаъолияти худ оғоз кард.

Тавре ки дафтари матбуоти БОР дар Тоҷикистон хабар медиҳад, Масатсугу Асакава ба ҳайси президенти даҳуми Бонки Осиёгии Рушд ба фаъолият шурӯъ кард.

«Барои ман шарафи бузург аст, ки президенти БОР бошам ва фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо 68 кишвари аъзо оғоз намоям. БОР беш аз ним аср шарики боэътимод дар минтақа буда, рушди устувор ва некӯаҳволии одамонро дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором беҳтар месозад. Ман ба он мекӯшам, ки БОР ҳамоно аз ҷониби мизоҷон ва шарикон хуб пазируфта шавад»,- гуфт М. Асакава.

Ёдрас мешавем, ки Масатсугу Осакава дар ин вазифа Такехико Накаоро иваз намуд, ки ӯ 16 январи соли 2020 ба истеъфо рафт.

Масатсугу Осакава соли 2019 вазифаи муовини вазири молияро дар саммити G20 дар Осака ва дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои G20 дар Фукуоке (Япония) иҷро мекард. Ба ҷуз ин, дарҳол пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ӯ дар ҷаласаи аввалини роҳбарони G20 ба ҳайси ёвари ҳамонвақтаи сарвазир Таро Асо ширкат намуда буд. Масатсугу Асакава борҳо бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, аз ҷумла ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои молиявӣ дар солҳои 2011 ва 2016 саҳмгузорӣ намуда буд. Масатсугу Асакава ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи Токио аз соли 2012 то 2015 ва дар Донишгоҳи Сайтама аз соли 2006 то 2009 фаъолият намудааст.

Ӯ унвони бакалаврро соли 1981 дар Донишгоҳи Токио ва дараҷаи магистрро соли 1985 дар Донишгоҳи Принстон гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *