Маскав: Сироятёбии муҳоҷирони тоҷик аз коронавирус

Созмони ҷамъиятии «Нур», рӯзи 16 апрел омори гирифторон ба бемории сироятии коронавирус миёни аъзоёни ин ҷамъиятро нашр кард. Дар ин бора хабар медиҳад sputnik-tj.com

Бино бар омори Созмони «Нур», ки  дар саҳифаи расмиашон дар Facebook рӯзи 16 апрел, нашр шудааст, то имрӯз миёни аъзоёни ҷамъияти мазкур, 66 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Манбаъ афзуда, ки то имрӯз, ду нафар аз бемории коронавирус ҷон бохта 66 каси дигар зери назорати табибон қарор доранд. Дар давоми шабонарӯзи гузашта бошад 9 нафар мубталои ин маризӣ шуда, 125 нафар бо гумони гирифторӣ ба COVID — 19 таҳти назорат қарор доранд ва шахсияти 220 нафаре ҳам, ки бо нафарони бемор дар алоқа будаанд, муайян карда шудааст.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *