Маймун 20 нафарро кушт

Дар пайи ҷангҳои қабилавӣ,дар Либия ки дар онҳо як маймун даст доштааст, дастикам 20 нафар кушта ва 50 тани дигар захм бардоштанд. Ҳодиса дар шаҳри ҷанубии Сабҳа ба вуқуъ пайваст.

Ба гуфтаи фаъолон ва кормандони тиб, ҳодиса дар ҳоле сар зад, ки се марди ҷавон маймуни худро ба сӯи як духтари мактабхон шӯр доданд. Маймун ба духтар ҳамла карда ӯро харошида ва газидааст. Оилаи ин духтар дар пайи ниқорҷӯӣ он се мардро бо маймун ба қатл расонд. Баъди ин, дар байни қабилаи Авлоди Сулаймон ва ал-Қадафа ҷанг сар зад, ки рӯзҳо давом

Мувофици маълумотщо, дар ҷангҳо аз силоҳи вазнине мисли танку тӯп ва мушак истифода шудааст. Либия аз замони сарнагун шудани раҳбари собиқаш Муаммар Қаззофӣ дар соли 2011 гирифтори низоъҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *