Меҳмон Бахтӣ даргузашт. Ҷашни Муъмин Қаноат ба вақти дигар гузаронида мешавад

Субҳи имрӯз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Меҳмон Бахтӣ хабар дод.

Бино ба иттилои ИНТ, ба ин сабаб таҷлили 90-солагии солҷашни устод Муъмин Қаноат, ки мебоист имрӯз, 20-уми май барпо мешуд, ба вақти дигар гузаронида мешавад.

Меҳмон Бахтӣ 25-уми марти соли 1945 дар деҳаи Шули ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Навобод, соли 1963 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Солҳои 1973-1975 дар Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкийи шаҳри Маскав низ таҳсил кардааст.

Меҳмон Бахтӣ муаллифи қиссаҳои «Оҳи сабук» (1971), «Хубон» (1978), «Пирамард» (1982), «Се соати даҳшатбор» (1988) ва маҷмӯаи намоишномаҳои «Лаҳзаи ҷовид» (1972), китоби шеърҳои «Пайғоми баҳор» (1975), «Хаёли ширин» (1985), китоби қиссаву ҳикояву мақолаҳои «Руҳи тавоно» (1987), маҷмӯаи намоишномаҳои «Эҳ, ҷавонӣ, ҷавонӣ…» (1980), китоби қиссаву ҳикояҳои «Оҳи сабук» (1987), маҷмӯаи «Пйесаҳо» (1982), гулчини қиссаву намоишномаҳои «Манзари қисмат» (2003), достони «Бозтоби Офтоб» (2006), маҷмӯаи «Қиссаҳо» (2007, ба забони русӣ) «Оҳанги хаёл» (2011) мебошад.

Меҳмон Бахтӣ ҳамчун шоири суруднавис ҳам дар миёни ҳаводорони таронаҳои лирикӣ шуҳрат дорад.

Аз соли 2004 то соли 2015 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1995-2000 вакили парлумон ва солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.