Меҳрнигори Рустам- барандаи Ҷоизаи “Содружество дебютов”

Сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Меҳрнигори Рустам дар шаҳри Брести Беларус барандаи Ҷоизаи “Содружество дебютов” шуд.

 Шаҳри Брести Беларус дар  соли 2019 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст.

 Хадамоти матбуоти Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ хабар медиҳад, ки  сарояндаи ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам низ ба дарёфти ин ҷоиза шарафёб гардид. Ба дарёфти ҷоиза имсол 26 довталабон аз ҳашт кишвар пешбарӣ шуданд.

10 декабр ҳайати ҳакамони байналмилалӣ номи 8 нафар гирандагони ҷоизаро эълон кард, ки  дар баробари Меҳрнигори Рустам, ҳамчунин инҳо дохил шуданд:- овозхони опера аз Озарбойҷон Офоқ Аббосова-Будагова;- скрипканавоз аз Арманистон Диана Адамян;- раққосаи балет аз Қазоқистон Айгерим Бекетаева; — овозхони Театри миллии академии опера ва балети Қирғизистон Нурйигит Асанов; — овозхони Филармонияи миллии Молдова Александра Конунова-Дюморте;- ҳунарманди Театри давлатии академии опера ва балети Новосибирск Олга Гришенкова;- устои таълими истеҳсолии графикаи Академияи давлатии санъати Беларус Федор Шурмелев.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” соли 2008 аз ҷониби Шӯрои ҳамкории гуманитарии ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шудааст.

Ҷоизаи “Содружество дебютов” ҳамасола ба мутахассисони ҷавони синни то 35-сола дар он соҳаи гуманитарӣ супурда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.