Милитсия паҳни маводи мухадирро дар назди мактабҳо рад кард
Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе хабар дар бораи паҳншавии маводи мухаддир дар назди муассисаҳои таълимиро рад кард.
Тибқи натиҷаҳои санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, асос надорад.
Ҳамзамон, ба шаҳрвандон ҳушдор дода шудааст, ки аз бовар кардан ба овозаҳои беасос худдорӣ намуда, дар ҳолати мушоҳидаи шахсони шубҳанок ба мақомоти дахлдор хабар диҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ