Миллиардери №1 дар ҷаҳон

Сарвати Илон Маск аз 300 миллиард доллар гузашт

 Тибқи иттилои хабаргузории РИА Новости сарвати соҳибкори амрикоӣ, раҳбари SpaceX ва Tesla Илон Маск бори дуввум аз 300 миллиард доллар гузашт, аз маълумоти ҳисоббарори Forbes бармеояд. Тибқи рӯйхати миллиардерҳои дар вақти воқеӣ навшудаи Forbes Real-Time, сарвати Маск дар як рӯз 32,6 миллиард доллар афзуда, 304,2 миллиард долларро ташкил додааст. Ҳамин тариқ, ӯ пешсафиро дар раддабандии миллиардерҳои ҷаҳон нигоҳ медорад.

Илон Маск

Моҳи ноябри соли 2021, вақте ки нархи саҳмияҳои Tesla ба рекорди таърихӣ расид, Маск аввалин шахсе шуд, ки дар таърих дорои 300 миллиард доллар буд.

Моҳи октябри соли гузашта ӯ бо дороии 257,6 миллиард доллар сарватмандтарин мард дар таърихи Forbes шуд. Пеш аз ин, асосгузори Amazon Ҷефф Безос шахси дорои сарватмандтарин дар таърих дониста мешуд — дороии ӯ ба 212 миллиард долларро ташкил медод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *