Иштироки бонуи тоҷик дар ҷашни солинавии Кохи Сафед

Дилафрӯз Хоникбоева, зодаи Бадахшони Тоҷикистон, айни замон мушовири аршади USAID — Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ дар маросими солинавии Кохи Сафед иштирок кардааст.

Бино ба иттилои торномаи tojikoniamriko.com, Хоникбоева бо нашри чанд акси худ дар пасманзари арчаи солинавии Кохи Сафед дар саҳифаи иҷтимоияш дар ин бора хабар додааст. Ӯ дар ин нигоштааш шеъре аз Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ҷой дода, навиштааст, ки онро доим зери даст дорад. Дар интиҳои нигоштааш ӯ саломатӣ, бурдборӣ ва соли нави хуше ба ҳамагон таманно кардааст.

Гуфта мешавад, ки Хоникбоева дар овони хурдсолӣ, 26 сол қабл дар авҷи ҷанги шаҳрвандӣ бо волидонаш Тоҷикистонро тарк карда, дар Амрико ба воя расидааст. Баъди ба сари қудрат расидани Ҷо Байден ӯ ба ҳайси мушовири аршади USAID оид ба сиёсатгузорӣ, тарҳрезӣ ва таҳсилоти ин созмон интихоб мешавад. Ӯ қабл аз интихоб шудан ба ин симат қасам ёд кардааст, чун мақоми пазируфтааш сиёсӣ аст ва расман узви командаи президенти Амрико Ҷо Байден ва ноиби президент Камала Ҳаррис ба шумор меравад.

Зикр мегардад, ки Хоникбоева хатмкардаи Донишгоҳи Ҷорҷ Масон дар Амрико буда, қабл аз интихоб шудан ба ин вазифа муддате дар телевизиони CNN ва бунёди Оқохон кор кардааст. Модари ӯ дар телевизиони CNN ва падараш дар ширкати “Боинг” фаъолият мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *