Миралӣ Муродов аз даҳ бозӣ маҳрум шуд
Дарвозабони «Хайр»-и Ваҳдат Миралӣ Муродов, ки ҳангоми вохӯрии дастаашон бо тими «Ҳосилот»-и Фархор дар даври охирини давраи аввали Чемпионати 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 19 июн барои бо сараш сардовари бозӣ Сайвали Турдиев зада буд, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ аз иштирок дар 10 бозӣ маҳрум ва ба андозаи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.
Ҳамчунин, бо қарори Кумитаи назоратӣ-инизомии ФФТ футбулбозони дастаҳои «Парвоз» – Ёқуб Самадов, «Хайр» – Маҳмадалӣ Содиқов, «Барқчӣ» – Табрези Давлатмир, «Регар-ТадАЗ» – Фарҳод Эргашев, «Равшан» – Насимҷон Исоев, «Сомон» – Хуршед Ҳалимову Самандар Шарипов, «Ваҳдат» – Фазлиддин Сафаров, «Локомотив» – Зайдулло Одинаев, «Кӯктош» – Фазлиддин Сафарзода ва «Ҳулбук» – Шоҳин Ҷалилов барои шикастани қоидаҳои бозӣ ва дағалрафторӣ аз чанд бозӣ маҳрум гардида, ҷаримабандӣ шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ