Мирзиёев дар Брюссел. Созишномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва 10-миллиард сармоягузорӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Брюссел рафт. Дар доираи ин сафар ӯ бо Подшоҳи Белгия Филипп, Президенти Шурои Аврупо Антониу Кошта ва Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен мулоқотҳои муҳим анҷом дод.

Ҳадафи асосии ин сафар таҳким додани ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодии Ӯзбекистон бо Иттиҳоди Аврупо ва Белгия арзёбӣ мешавад.

Марҳилаи асосии ин сафари давлатӣ ба имзои “Созишномаи ҳамкории густурда ва шарикии стартегӣ миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо” бахшида шудааст. Ин санад заминаи ҳуқуқии нави ҳамкориро дар самтҳои муҳими иқтисодӣ, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, иқлим, технологияҳои баланд ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ фароҳам меорад.

Роҳбари Иттиҳоди Аврупо ин иқдомро қадами таърихӣ барои рушди муносибатҳои Тошканд ва Брюссел дониста ва подшоҳи Белгия Филипп шахсан Шавкат Мирзиёевро барои имзо кардани ин санад табрик намуд. Ҳамзамон, ҷонибҳо аз анҷоми музокирот оид ба шомил шудани Ӯзбекистон ба Созмони ҷаҳонии савдо низ истиқбол намуданд.

Дар ҷараёни ин сафар Шавкат Мирзиёев ба рушди муносибатҳои Ӯзбекистон бо Белгия махсус таъкид намуд. Аз ҷумла, афзоиши ҳаҷми муомилоти молӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ифтитоҳи бюсти Абуалӣ ибни Сино дар шаҳри Кортрейк аз мисолҳои рӯшани наздикии ду кишвар номида шуданд.

Дар самти иқтисодӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Бар асоси иттилои расмӣ дар миёни баргузории форуми соҳибкорон ва мулоқот бо ширкатҳои аврупоӣ қарордодҳои нав ба маблағи беш аз 10 миллиард евро имзо шуданд.

Ин шартномаҳо соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика, саноати химия, маъданҳои муҳим, логистика, нассоҷӣ ва фармасевтикаро фаро мегиранд.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки ҳаҷми умумии ҳамкориҳои сармоягузорӣ миёни Ӯзбекистон ва ширкатҳои аврупоӣ аз ҳоло беш аз 40 миллиард евроро ташкил медиҳад. Ҷонибҳо зарурати тақвияти механизмҳои институтсионалӣ ва сода намудани низоми раводид барои фаъолони соҳаи иқтисодӣ ва илмиро таъкид намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот роҳбарони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ дахл карда, изҳороти муштарак қабул намуданд. Президент Шавкат Мирзиёев дар поёни сафараш Подшоҳи Белгия Филиппро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ӯзбекистон даъват кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *