Мисли Шӯравӣ, ба Самарқанд бо автобус

Ширкати «Asian Express Terminal» музокиротро барои оғози ҳаракати мусофирбарҳо аз Тоҷикистон ба қаламрави Узбекистон шурӯъ кардааст ва мехоҳад, то тирамоҳи имсол сокинонро ба шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва Бухоро бибарад. Алиҷон Валиев, намояндаи “Asian Express Terminal”гуфтааст,ки  дар ин замина бо масъулини сафорати Узбекистон мулоқот карда, мунтазири посухи расмии Тошканд ҳастанд.Вай афзуд, дар сурати тасдиқи пешниҳоди онҳо аз ҷониби Узбекистон, нафақат равуо, балки дарёфти виза ё раводиди сафар низ барои сокинон осон хоҳад шуд.»Чунин тавофуқи ибтидоӣ ҳосил шудааст, ки мусофирон дар терминали «Asian Express Terminal» дар Душанбе барои сафар ба Узбекистон номнавис шуда, нусхаи шиносномаи худро медиҳанд. Сипас, ба таври гурӯҳӣ ба онҳо визаи сафар дода мешавад. Агар чунин пешниҳод тасдиқ гардад, арзиши сафар аз Душанбе ба шаҳрҳои Узбекистон ба маротиб арзон аз хадамоти ҳавопаймо хоҳад буд», — таъкид кардааст Валиев

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *