“Ямал” ба Душанбе меояд, моҷаро ҳал шуд?

 Парвози мунтазами ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи Жуковскийи вилояти Маскав ба Душанбе рӯзи 19 ва ба Хуҷанд 21-уми июни имсол сурат мегирад.

Вебсайти расмии ширкати “Ямал” эълон кард, ки фурӯши билет оғоз шудааст.​Қаблан Андрей Дубров, намояндаи расмии “Ямал”, дар суҳбат гуфта буд,ки  ин ширкат дар як ҳафта себорӣ ба Душанбеву Хуҷанд парвоз анҷом хоҳад дод. Тавофуқ дар ин замина охири моҳи апрел дар нишасти мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистону Русия дар Маскав ҳосил шуд. Ҷониби Тоҷикистон низ ин тавофуқро тасдиқ кард, вале то кунун ҷузъиёташро ошкор накардааст.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёт, фақат гуфта буд, ки “ҳамаи моҷарои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия ҳал шуданд”. Вазорати нақлиёти Русия низ рӯзи 28-уми апрел аз хотимаи музокирот хабар дод ва гуфт, ба баҳси ҳавоии ду тараф нуқта гузошта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *