МОИ-и “Данғара”. Намунаи муваффақ дар ҷалби сармоя
Дар шароити рақобати шадиди иқтисодӣ, кишварҳои рӯ ба рушд барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба воситаҳои муассири иқтисодӣ рӯ меоранд. Яке аз чунин воситаҳо таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад. Дар Тоҷикистон бо дарки аҳамияти ин платформаҳо, чанд минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудаанд. Яке аз муваффақтарини онҳо МОИ-и “Данғара” мебошад.
Сармоягузорӣ дар Данғара
МОИ-и “Данғара” дар ҷануби кишвар ва дар як минтақаи стратегӣ ҷойгир аст. Он дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст. Ҳоло 37 ширкати ватаниву хориҷӣ ҳамчун субъектҳои иқтисодӣ дар он ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз дар минтақа наздики 600 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст. Ин нишондод, бо дарназардошти зарфияти афзоиш, бозгӯи он аст, ки МОИ на танҳо ба рушди иқтисодӣ, балки ба беҳбудии иҷтимоии аҳолии маҳаллӣ низ саҳми мустақим мегузорад.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар соли 2024 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ 34 миллион сомониро ташкил додааст. Аз оғози фаъолият то имрӯз бошад, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ арзёбӣ мегардад. Чунин миқёси сармоягузорӣ гувоҳи эътимоди ширкатҳо ба иқтидори иқтисодии кишвар ва сиёсати давлати Тоҷикистон мебошад.
Дар соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии истеҳсолшуда дар МОИ-и Данғара 54 миллион сомониро ташкил додааст. Ширкатҳо ба истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ, металлоконструксияҳо, қубурҳои полиэтиленӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, меваи хушк ва дигар маҳсулоти саноатии серхаридор машғуланд.
Нақши МОИ-и “Данғара“
МОИ-и Данғара ҳамчун платформаи саноатӣ барои рушди истеҳсолоти дохилӣ, ҷалби технологияҳои нав, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва таъмини шуғли аҳолӣ хизмат мекунад. Илова бар ин, ҷойгиршавии он дар наздикии роҳҳои муҳими нақлиётӣ имкон медиҳад, ки он ба як маркази муҳими логистикӣ низ табдил ёбад.
Ба андешаи коршиносон, таъсири чунин минтақаҳо танҳо ба маҳдудияти худи ноҳия ё вилоят нест. Онҳо ба иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ ва Тоҷикистонро ба як бозигари муҳими минтақа дар бахши саноат ва савдо табдил медиҳанд.
Ҳолати кунунии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара собит менамояд, ки сиёсати давлати Тоҷикистон дар самти ташкили МОИ натиҷаҳои назаррас оварда истодааст. Бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ, рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ МОИ-и Данғара метавонад ба як намунаи муваффақи рушди устувори иқтисодӣ табдил ёбад. Бинобар ин, идомаи дастгирии давлатӣ ва ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ метавонад ояндаи дурахшони ин минтақа ва умуман иқтисоди Тоҷикистонро таъмин намояд.
Усмон Раҳимзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ