Моли бесоҳиб ё нигаронӣ аз маҳсулотҳои пастифат дар кишвар

Ҳар боре аз бозор ё мағоза ҳасиб ё дигар махсулоти хўрока харидорӣ кунам ҳамон аз дил мегузаронам: мабодо куҳна набошад? Имрӯз аз маҳсулоти хӯроквории ғайристандартии пастсифат дар бозору мағозаҳо ҳатто ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ҳақиқат мо мардуми сахтҷонем, вале кӯдакон ба ғизоҳои муҳлаташон гузашта кам тоб меоранд. Он бегоҳ набераи шашсолаам Мафтуна ҳамроҳи мо ҳасиб хурду баъди соате ҳарораташ баланд гаштаву ба партофтан сар кард. Шикамрав шуд. То саҳар ҳолаташ хеле вазнин гашта, «Ёрии таъҷилӣ» ӯро ба шифохонаи бемориҳои гузарандаи воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон бурд. Аз сӯзандору то дигар доруҳояшро харидему баъди ним моҳ ба по хест. Маълум, ки дар мамлакат воридоти маҳсулоти пастсифат ва муҳлаташон гузашта хеле афзудааст.
То ҷое огаҳӣ дорем, дар ин самт сохторҳои дахлдор пайваста санҷишҳо гузаронидаву маҳсулоти куҳнаро барои ба савдо нагузоштан пешгирӣ мекунанд, вале пеши роҳи он тоҷироне, ки барои ёфтани маблағи зиёд хун дар ҷисму ҷонашон нишастааст, мисли оби аз банд раҳошуда мушкилоти нав ба нав эҷод мекунад. Аз оғози сол то ба имрӯз мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» беш аз 1600 тонна маҳсулоти хӯроквориро, ки наздики 600 тоннаи он маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ҳангоми ташхис ғайристандартӣ дониста шудаанд ва 1067 тонна маҳсулоте, ки аз рӯи тамғагузорӣ ҷавобгӯи талаботи Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» намебошанд, ошкор намуданд.
Ин маҳсулоти хӯроквории ғайристандартии пастсифат дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шудаанд.
Нарзулло Шарифзода, сардори Раёсати нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки ин маҳсулот асосан гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, равған, чой, хурмо, маҳсулоти қаннодӣ, сабзавоти консервашуда, мева ва нӯшокиҳои ташнашикан мебошанд. Дар ин самт тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар зиёда аз 1300 ҳолат ба маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Ин масъули «Тоҷикстандарт» афзуд, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат аз ҷониби мутахассисони соҳа, тамоюли ошкор намудани маҳсулоти ғайристандартӣ дар қиёс нисбат ба солҳои қаблӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ин нишондод агар дар семоҳаи аввали соли 2015 беш аз 478 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин омор аз аввали соли равон то кунун, беш аз 1660 тоннаро ташкил медиҳад.
Тавре огоҳӣ дорем, дар кишварамон ҳанӯз соли 2014 Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул карда шуд, ки ҳадафаш ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад, зеро санади мазкур барои воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар самти тамғагузорӣ талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар муқаррароти техникии мазкур талабот ба тамғагузории маҳсулоти ғизоӣ ба таври мушаххас дарҷ гардида, хусусан бо забони давлатӣ сабт намудани маълумот дар тамғагузорӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар ин самт аз ҷониби мутахассисони соҳа бо молворидкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти ғизоӣ машваратҳо гузаронида шуданд.
-Мутаассифона, аз ҷониби иддае аз ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии воридкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ин талабот риоя намешавад, — афзуд Нарзулло Шарифзода.

Маҳсулоти бебирка

Асосан дар маҳсулотие, ки воридотие, ки аз Чин, Ҳиндустон, Туркия, Покистон ва Эрон ба Тоҷикистон ворид мешаванд, талаботи Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» риоя намегарданд. Дар баъзе маврид мутобиқат накардани тамғагузорӣ ба маҳсулоти дохили борҷома мушоҳида ва ошкор карда шудааст, зеро дар тамғакоғаз номи маҳсулот нишон дода шудааст, аммо дар дохили борҷома маҳсулоти дигар аст ё ин ки вазни маҳсулот ба нишондоди тамғагузорӣ мутобиқат намекунад. Ҳамаи ин найрангбозиҳо боиси воридшави маҳсулоти пастсифат ва ривоҷи бемориҳо дар кишвар мегарданд.Табибон баланд будани радиатсияро яке аз омилҳои аслии зиёдшавии бемории сафедшавии хун медонанд. Духтур Тоҳир Сафаров мегўяд, ки баланд будани радиатсия ва зиёд шудани маводҳои кимиёвӣ дар таркиби хурокҳо ба зиёдшавии ин беморӣ боис гаштааст. Як манбаъ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло дар кишвар 455 нафар гирифтори бемории сафедшавии хун ба сар мебаранд.
Дар ин самт кумакрасони асосӣ ҳар як сокини кишвар бояд бошад, то тоҷирони баиштиҳо маблағҳои калон мову фарзандони моро гирифта, худамонро заҳролуд накунанд. Ҳарчанд ки мо сахтҷонем, вале дар ин самт эҳтиёт ҳамаи ҳаёт аст.

Иззатбеки Идизод,
«Тоҷикистон»

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.