Ҳушдор ба соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбе

Соҳибкорон вазифадор шуданд, ки 4 ва 5 июл дар тамоми бозорҳои фаъоли коммуналию хусусии пойтахт фурӯши 21 намуди анвои маҳсулоти ниёзи аввалияро бо риояи нархҳои тавсиявӣ ба роҳ монанд.

Дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки субҳи имрӯз, 4 июл дар “Маркази равобити пойтахт” баргузор шуд, Маҳмадсаид  Убайдуллоев гуфтааст, ҷиҳати “пурфайзу эҳсон намудани дастурхони идонаи сокинон” 1 кг картошка — 1 сомонию 20 дирам, карам – 80 дирам, бехпиёз — 80 дирам, сабзӣ -1 сомонию 50 дирам, помидор – 2 сомонию 50 дирам, бодиринг – 3 сомонӣ, себ-5 сомонию 40 дирам, биринҷ – 8 сомонию 50 дирам, нахӯд – 13 сомонӣ, лӯбиё- 8 сомонӣ, мош — 8 сомонӣ, равғани пахтаи доғкардашуда – 10 сомонӣ, гӯшти гов – 30 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд – 31 сомонӣ, шакар – 6 сомонӣ, чойи сиёҳ 17 сомонӣ, чойи кабуд -18 сомонӣ, 1 литр шир — 3 сомонӣ, 10 дона тухм – 6 сомонӣ, 1 кг орди навъи якум – 3 сомонӣ ва 1 дона нони 400 грамма 1 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шавад.
Соҳибкороне, ки дар риояи ин иқдомоти дастаҷамъона дар рӯзҳои зикршуда бо хунукназарӣ муносибат менамоянд, фаъолияташон дар бозорҳои ба мушоҳидарасида қатъ карда мешавад”,-изҳор доштаст раиси шаҳр.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.