Мошини дипломати тоҷикро чаро доштанд?

ВАО-и Русия аз боздошти “Mercedec S350” бо рақамҳои дипломатӣ дар Санкт Петербург хабар доданд, ки тибқи навиштаи онҳо ба Маҳмадназар Мирзода, консули фахрии Тоҷикистон дар Санкт Петербург тааллуқ дорад. 

Тибқи иттилои “Фонтанка” таъқиби мошини дипломатӣ бо рақамҳои 900D099 78 шаби 31-уми март дар пайи тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатнийи Петербург оғоз шуд: “Панҷ мошини пулис дар пайи таҳқиб тавонистанд дар назди тарабхонаи “Царский двор”, дар буриши кӯчаи Гагарин ва Бассейной “Mercedec S350”-ро боздошт кунанд. Ронанда ва мусофиронро аз он берун накардаанд, зеро рақамҳои сурх ба онҳо ҳуқуқи дахлнопазирӣ медиҳанд”.

ВАО-и Русия мегӯянд, муайян шудааст, ки рақамҳои мазкур ба Маҳмадназар Мирзодаи 58-сола, консули фахрии вақти Тоҷикистон дар Петербург дода шудаанд.
Расонаҳои рус сабаби боздошти мошини дипломати тоҷикро шарҳ надода, танҳо таъкид кардаанд, ки таъқиби мошин шоми 31-уми март баъди тирпаронӣ дар кӯчаи Благодатний оғоз шудааст, ки гуфта мешавад, дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ шудааст. Ҷрниби  Тоҷикистон ин ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *