Ҳушдор ба “табибони халқӣ”

Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар як соли гузашта бештар аз 600 нафареро ошкор кардааст, ки зери номи “табиби халқӣ” ба сеҳру ҷоду машғул будаанд.

Давлатмурод Олимов, муовини раиси хадамот, ки тобеи вазорати тандурустӣ аст, охири ҳафтаи гузашта гуфтааст, ки “Ин нафароне, ки ошкор шуданд, аксарашон номи табиби халқиро бад мекарданд. Онҳо худро табиби халқӣ ном карда, лекин ба амалҳое машғул буданд, ки аз нигоҳи илмӣ ба табобат наздикӣ надошт. Инҳо ошкор шуданд ва ҳушдор гирифтанд, ки дигар фаъолият накунанд. “Ба гуфтаи намояндаи хадамот, ҳамаи ин “табибони халқӣ” бе иҷозаи махсуси вазорати тандурустӣ кор мекарданд ва бисёрашон ба “дуохонӣ ва сеҳру ҷоду” машғул будаанд. Табобат бо дуо ва рафтан назди фолбинҳо то чанд соли пеш маъмул буд, вале ҳоло бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, дуохониву фолбиниву сеҳру ҷоду мамнӯъ аст ва ҷиноят ҳисоб мешавад. Бар асоси Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сеҳру ҷоду ё фолбинӣ мумкин аст, фарди муттаҳамро то 7 сол аз озодӣ маҳрум кунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *