Муҳоҷирони тоҷикро дар Кореяи Ҷанубӣ бо гулдаста пешвоз гирифтанд
Дар Кореяи Ҷанубӣ нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро, ки тавассути барномаи Employment Permit System (EPS) равон шуданд, истиқбол гирифтанд.
Тибқи иттилои Агентии бокортаъминкунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар, муҳоҷирон дар бахшҳои кафшергарӣ ва истеҳсолот фаъолият хоҳанд кард. Пеш аз сафар онҳо имтиҳони забони кореягӣ ва санҷиши малакаҳои касбиро гузашта, маълумоташон ба низоми электронии SPAS ворид карда шудааст, ки дар он корфармоёни кореягӣ мустақилона коргаронро интихоб мекунанд.
Тавре дар аксҳои нашркардаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дида мешавад, муҳоҷирони тоҷикро, ки бо либоси ягона ҳастанд, дар фурудгоҳи Корея бо гулдаста пешвоз гирифтаанд.

Айни замон, 58 нафар дар низоми SPAS сабт шудаанд, ки дар бахшҳои кафшергарӣ ва истеҳсолот кор хоҳанд кард.
Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд дар Корея кор кунанд ва забони кореягиро медонанд, метавонанд ба суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 80 муроҷиат намоянд.
📞Телефонҳо: 221-39-67, 221-39-83
💬WhatsApp/Telegram: +992 93 093 49 94
Ёдовар мешавем, ки созишнома байни Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ оид ба фиристодани шаҳрвандони тоҷик ба кор 31 октябри соли 2024 ба имзо расида буд. Дар асоси он, шаҳрвандон метавонанд дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсол, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар бахшҳо фаъолият намоянд. Талаботи асосӣ донистани забони кореягӣ, малакаи касбӣ, надоштани судмандӣ ва саломатии хуб мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ