Вахтанг Кикабидзе

Муҷассамаи виҷдон ва ҳувияти миллӣ

(Андешаҳо баъди реҳлати Вахтанг Кикабидзе)

Аз хабари марги ҳунарманди маъруфи гурҷӣ, шахсияти басо донишманд ва ходими асили фарҳанг Вахтанг Кикабидзе хеле нороҳат шудам. Аз ҳунарпешагон Вахтанг ва аз адибон Нодар Думбадзе миллати бузурги Гурҷистонро ба оламиён беҳтарин муаррифон буданд.

Даврони ташаккул ва рушди шахсияти ҳунарии Вахтанги азиз дар мулки рус гузашт, барои тараққии синамо, мусиқа ва театри рус хидмати азим ба ҷо овард.

Аммо баъди муноқишаи Русия ва Гурҷистон дар соли 2008 Вахтанг ба ватанаш бозгашт. Чунки дар Русия маъракаи бадномсозии гурҷиҳо оғоз шуда буд: русҳо молу мулки гурҷиҳои сарватмандро мусодира ва хеле аз онҳоро пеш карданд. Дар телевизиону радио ҳама гурҷиҳоро бад мегуфтанд, туҳмат мезаданд, таҳқир мекарданд…

Ин сарусадоҳо виҷдони Вахтангро барошуфт, хеле кӯшиш кард фаҳмонад, ки миллати гурҷӣ дигар асту ҳукуматаш дигар… Таъқибу фишори гурҷиҳо ҳамоно идома меёфт, гӯё барои русҳо маҳз гурҷиҳо душмани рақами як бошанд… На ҳукумат ва на пулиси рус гурҷиҳоро таҳти ҳимоят нагирифт, саркӯбиву фишор на фақат болои гурҷиҳои машғул ба тиҷорат, балки ходимони ҳунару фарҳанг низ шадидтар шуд.

Вахтанг ин ҳамаро дид ва хулоса кард, ки ин миллат миллати фарҳангӣ нест, тарки Русия карду ба меҳанаш баргашт, ҳама ордену медал ва ҷоизаҳои аз русҳо гирифтааш, тамоми дороияшро дар ҳамон Русия партофту ба Тифлис омад… Бо дасти холӣ, аммо мағзу руҳи лабрез аз ҳувияти миллӣ…

Агар намунае аз ашхоси ватандӯсту дорои ҳувият меҷуста бошем, беҳтарин намунааш ҳамин Вахтанг Кикабидзе буд. “Ин қадар бадбиниву хусумат ва кину адоват нисбат ба гурҷиҳо? Як муноқиша ва ҳазорон-ҳазор гурҷӣ дар хатар… Магар миллат ва ҳукумати рус намефаҳмад, ки ин кишварро саду як миллати дигар обод кардаанд… Дусад соли дигар лозим, то бифаҳмад…”,- ин суханони Вахтанг баъди ба ватан баргаштанаш ҳушдоре буд ба ҳамдиёронаш: ҳар ҷо ки мераванд, аввал андеша кунанд, ки чӣ сон бармегашта бошанд…

Айни ҳамин ақида ва афкори меҳандӯстонаро адиби маъруф Нодар Думбадзе дошт. Муаллифи осори безаволи “Ман, бибиям, Илико ва Илларион”, “Кукарача”, “Ман офтобро мебинам”, “Ливои сафед”, “Қонуни абадият” ва ғайра. Беҳтарин офарандаи характерҳои миллӣ, фарҳангу маънавият ва торихи Гурҷистон…

“Нависанда саги бовафои халқ аст,- мегуфт ӯ.- Ман ба рафтани руҳ аз бадан ва ба чизи дигаре табдил ёфтани он бовар надорам. Агар ин кор дуруст бошад, пас, руҳи ман бешубҳа бояд ба саг табдил ёбад. Аз ин рӯ, ҳар ҷойе, ки саги бесоҳиберо дидед, ҳаргиз санг назанед, шояд яке аз онҳо руҳи ман бошад…”.

Орзу мекунам, ки ҳадди ақал даҳ тан чунин ҳунарвару чунин адиб дар кишвари ман ҳам бошад…

Ҳафиз РАҲМОН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.