Муҳиддин чӣ дов дорад?

Киностудияи “Довфилм” дусолагии худро бо дарёфти ду Шоҳҷоиза истиқбол намуд. Ин киностудияро режиссёри маъруфи тоҷик Муҳиддини Музаффар бо як тими филмофарони ҷавон бунёд гузоштааст ва мегӯяд, ҳадафи онҳо сохтани филмҳои хуб, кӯшишу талош кардан барои сохтани фазои озоди синамо дар кишвар аст.

Дов чист?

Дов дар луғат чунин шарҳ дода шудааст: 

– дов – навбати бозии нард ва шатранҷ ва бозиҳои дигар;

– дов ёфтан – навбат ёфтан, фурсат ёфтан;

– дов додан – маҷол додан, муҳлат додан, гузоридан;

– дов задан – ба навбат бозӣ кардан; иддаои амре кардан; нақши нишастан ба мурод, ба ҳадаф расидан;

– дови аввал – навбати аввал, навбати нахустин, нахустин навбат;

– дов – иддао ва даъвии коре.

Дар филми “Дов” лотореяро низ “дов” гуфтаанд.

Коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддини Музаффар низ ҳамеша дов меҷӯяд, фурсат мекобад, то гашти ғайричашмдоште бикунад ба манфиати синамои тоҷик.

Киностудияи “Довфилм” низ чунин ба вуҷуд омад. Он як фурсати муҳим буд барои синамои тоҷик.

Аз театр то “Суғдсинамо”

Қабл аз “Довфилм” Муҳиддини Музаффар роҳи тӯлониеро тай кард.

Соли 2009 пас аз хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба зодгоҳаш баргашт ва дар Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба ҳайси ҳунарпеша ба кор оғоз кард. Солҳои 2013-2016 саркоргардони театр буд. Намоишномаҳои «Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманишӣ дар кӯшки гардон» (аз рӯи романи «Достони писари Худо»-и Сорбон), «Модар-Ватан» (аз рӯи асарҳои Фирдавсӣ, М. Горкий, Сорбон, Р. Масов, А. Азиз), «Инопланетянинҳо дар замин» (асари С. Алферова), «Модар, ман зан мегирам» (асари А. Ривкин), «Хонуми боистеъдод» (асари М. Ҷӯраев), «Қорӣ-ишкамба» (аз рӯи повести Айнӣ) ва ғайраро таҳия кард.

Баъдан Муҳиддин ба филмофарӣ рӯ овард. Соли 2010 филмҳои ҳунарии «Ормонҳо», баъдан «Паймон» (2014)-ро ба навор гирифт. Соли 2015 дар вилояти Суғд киностудияи “Суғдсинамо” таъсис ёфт, ки роҳбарии он ба дӯши Муҳиддини Музаффар гузошта шуд ва тавлид гардиданд филмҳои «Коса» (2015), «12 соли интизорӣ» (2016), «Тангно» (2017), «Сайёра ранг иваз мекунад» (2018)…

Дови нав

Дар ин давра Муҳиддини Музаффар ба ВГИК – Институти давлатии санъати кинои Русия дохил шуд ва соли 2021 онро хатм кард. Дар ин давра филмҳои «Аз миллион яке» (2020) ва силсилафилми «Пайроҳаи мураббӣ» (5 қисмат)-ро сохт.

Таҳсил дар ВГИК ва дарсҳои синамогари бузург Валерий Аҳадов ба ӯ такони ҷиддӣ бахшиданд ва Муҳиддин филми ҳунарии “Дов”-ро сабт кард. Достони ин филм сода аст. Сарнавишти ду дӯст Қаҳҳор ва Маннон аст, ки дар марҳилаҳои душвори зиндагӣ мавриди имтиҳон қарор мегиранд. Ин достони сода, вале бо пасманзари бузург аввал дар Тоҷикистон қадршиносӣ нашуд. Ҳатто рӯзҳое буданд, ки ба тамошои он касе ба кинотеатр намерафт…

Вале ҳамон дов, фортуна, яъне ҳумои бахт бо ин филм ба саросари олам парвоз кард. Филми ҳунарии “Дов” дар беш аз 30 ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат кард ва соҳиби 28 ҷоиза шуд ва сабабгори таъсиси “Довфилм”.

Аз суҳбати ду сол қабл бо Муҳиддини Музаффар:

“Довфилм” чӣ ташкилот аст? Идеяи ташкили он аз куҷо пайдо шуд?

– «Довфилм” киностудияи ғайридавлатиест, ки аз ҷониби як гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Ҳадафаш сохтани филмҳои хуб, кӯшиш кардану талош кардан барои сохтани фазои озоди синамо дар кишвар аст.

Шумо аз ибтидои фаъолиятатон мехоҳед дар Тоҷикистон фазои синамоӣ бисозед. Яке аз қадамҳои муҳими шумо дар ин самт “Суғдсинамо” буд. Акнун, баъд аз таъсиси “Довфилм” тақдири он чӣ мешавад?

Ҳадафи мо сохтани филмҳои хуб ва сохтани фазо буд. Дар муддати 8 соли роҳбарии мо “Суғдсинамо” аз сифр оғоз шуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Ба андешаи ман, одам пайваста дар якҷо кор кунад, он қадар хуб нест. Ман аз роҳбарии ин киностудия рафтам, вале ҳамкориро бо он давом медиҳам. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои дастгирии ҳамаҷониба арзи сипос менамоям.

Ҳоло тақдири “Суғдсинамо” чӣ мешавад?

Киностудия ба кори хеш идома медиҳад. Ман ба он хотир ба Душанбе омадам, ки бо муҳити эҷодии пойтахт наздик бошам. Дар бораи таъсиси як киностудияи хусусӣ чанд сол боз фикр мекардам. Замонаш фаро расид… 

Шоҳҷоиза

Ва инак бо гузашти ду сол киностудияи «Довфилм» ва тими ҷавони он чандин филмҳои кӯтоҳи ҳунарӣ ва се филми ҳунарии баланд сабт карданд. Аз ҷумла “Блогер”, “Ҷосус” ва “Моҳӣ дар шаст”.  Филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм” ва “30COP”-у “Ifilm»-и Эрон наворбардорӣ шуд.

Филми мазкур нахуст тирамоҳи соли 2024 дар дуюмин Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” Шоҳҷоизаи якумро ба даст овард.

Октябри соли 2025 дар доираи дуюмин Кинофестивали байналмилалии “Тоҷи Сомон” филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” аз байни филмҳои Эрон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Туркманистон, Муғулистон ҳамчун “Беҳтарин филм” Шоҳҷоизаро ба даст овард. Қаблан филми ҳунаии “Дов” ҳам соҳиби Шоҳҷоизаи “Тоҷи Сомон” гардида буд.  

Айни замон филми ҳунарии “Моҳӣ дар шаст” баҳри иштирок дар якчанд кинофестивалҳои байналмилалӣ дархост намуда, аз кинофестивалҳои байналмилалии Шаҳр дар Эрон, “Парвонаи брилиантӣ” дар Русия ва Даккаи Бангладеш даъватнома ба даст гирифтааст.

Синамо дастгирӣ мехоҳад!

Муҳиддини Музаффар мегӯяд, ки ҳадафи ӯ ҷалби бештари ҷавонони эҷодкор ба филмофарӣ, офаридани филмҳои босифат ва ба вуҷуд овардани фазои синамоӣ дар кишвар аст.

“Мо вақте корро оғоз кардем, ба ҳамаи вазоратҳо мактуб омода карда, ҳамроҳаш дар як флешдиски 32 Гб тамоми корҳоямонро ҳам ирсол намудем. Вале он гунае, ки интизор будем, ба кори мо таваҷҷуҳ накарданд. Охир, чаро мо рӯзгори Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар пардаи синамои касбӣ инъикос накунем? Солҳои охир дар кишварҳои олам бештар аз ҳаёти варзишгарон филм гирифта мешавад. Магар мо наметавонем аз ҳаёти Дилшод Назаров филм ба навор гирем? Бубинед, вақте мо ҷавононро барои хизмати ҳарбӣ даъват мекунем, вале чаро филмҳои ватандӯстӣ наофарем? Чаро аз ҳаёти сарбозон филм ба навор нагирем? Ё аз ҳаёти табибон. Ман инҳоро ба назар гирифта, ба идораҳои дахлдор мактуб фиристодам, вале посух нашуд. Чаро мо аз Роғун филмҳои босифат надошта бошем? Бояд дар ин хусус андешид…”,- мегӯяд Муҳиддини Музаффар.

Ин коргардони тоҷик бар он аст, ки бо сабаби кам будани филмҳои ҳирфаӣ фазои интернетро филмҳои кӯчагӣ гирифтааст, ки ба зеҳни мардум, махсусан ҷавонон таъсири манфӣ мегузорад.

“Мо бояд филмҳои хуби босифат, филмҳое, ки мардумро ба андеша кардан водор кунад, ба бунёдкорӣ таҳрик диҳад ва ба инсон будан роҳнамоӣ кунад, биофарем. Барои ин дастгирии соҳаи синамо зарур аст”,- меафзояд Муҳиддин.

Муҳиддин мегӯяд, ки бо вуҷуди душвориҳо ӯ ба ояндаи нек умедвор аст: “Рӯзе бо соҳибкоре дар мавриди қадр накардани филм аз ҷониби тамошобин суҳбат доштам. Ӯ ҷумлаи аҷибе гуфт, ки бисёр писандам омад. Гуфт: “Коргардонҳо бояд муъҷиза офаранд”. Мо бо як филм наметавонем номдор шавему муъҷиза офарем. Вале муъҷиза офаридани мо ба тамошобин низ вобаста аст. Ҳар фарди тоҷик бояд дар барномаи зиндагиаш ҳафтае як бор, ё моҳе як бор тамошои филмҳоро ворид созад. Бо аҳли хонавода ба тамошои филмҳо оянд…”.

О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *