Таниши навбати миёни Амрико ва Венесуелла
Вазорати хориҷаи Амрико эълом кардааст, ки “Кортели де Лос Солес” (Cartel de los Soles)” гурӯҳе, ки Амрико онро таҳти роҳбарии Николас Мадуро раиҷумҳури Венесуелла медонанд, ба унвони “созмони террорисӣ ” шинохта хоҳад шуд.
Марк Рубио вазири хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе 16 ноябр дар баёниае гуфтааст, Амрико қасд дорад аз 24 ноябр ин созмонро дар феҳрести созмонҳои “террористӣ”-и хориҷӣ қарор диҳад. Ба ин маъно, ки оқои Мадуро низ дар радифи афроди “ террорист ” қарор мегирад. Зеро Амрико муддаи он аст, ки раисҷумҳур раҳбарии ин гуруҳро ба ӯҳда дорад. Худи Мадуро ин идаоҳоро рад кардааст ва онро як тавтиҳа алайҳи худ медонад.
Шомил кардани ин гуруҳ ба феҳристи гуруҳҳои “терррористӣ” ба Амрико иҷоза медиҳад, ки бо шиддати бештар ин созмон ва афроди муртабит ба онро ҳадаф қорор диҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки Амрико ин созмонро пештар таҳрим карда буд, аммо муаррифии он ба унвони як созмони “ террористӣ”-и хориҷӣ иқдоми шадидтар аст, ки ихтиёроти бештарро ба давлати Доналд Трамп вогузор мекунад.
Амрико “Cartel de los Soles“- ро гуруҳе медонад, ки дар фаъолиятҳои монанди қочоқи маводи мухаддир ва истихроҷи маъданҳои ғайриқонунӣ даст дорад.
Бояд қайд кард, ки тайи солҳои охир равобити Вашингтон ва Корокос пуртаниш аст. Корокос Амрикоро барои мудохила дар интихоботи солҳои охир мутаҳҳам ва ҷонибдори гурӯҳҳои мухолифи давлати Мадуро медонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ