Муҳлати таҳсил дар коллеҷҳои Тоҷикистон кам шуд
Парлумони Тоҷикистон бо қабули лоиҳаи Қонуни нав «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» муҳлати таҳсил дар коллеҷҳоро кам кард.
Дар асоси тағйироти нав, ки аз моҳи сентябри соли 2025 ба амал бароварда мешавад.
Барои хатмкардагони синфи 9 (таҳсилоти асосӣ) муҳлати таҳсил дар коллеҷҳо аз то 4 сол ба то 3 сол кам гардид.
Барои хатмкардагони синфи 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) муҳлати таҳсил аз 3 сол то 2 сол кам карда шуд.
Тартиби нав ба донишҷӯёне, ки аз соли хониши 2025–2026 таҳсилро оғоз мекунанд, татбиқ мешавад.
Мақсад аз ин тағйирот фароҳам овардани шароити самаранок барои таҳсил, коҳиши давомнокии таълим ва тезонидани омодасозии мутахассисони соҳаҳои гуногун арзёбӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ