Муаллифи саҳифаи «zevarzoda_fors» боздошт шуд
Кормандони Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шахсияти нафареро муайян намуданд, ки дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо паҳн кардани наворҳои таҳқиромез нисбат ба чеҳраҳои маъруфи фарҳангӣ ва ҷомеа машғул будааст.
Тавре ВКД хабар медиҳад, Каримиён Маҳинбону бо истифода аз номи мустаори «zevarzoda_fors» саҳифае таъсис дода, бо мақсади ҷалби бештари обуначиён ва ба даст овардани даромад, наворҳое нашр мекардааст, ки шаъну эътибори санъаткорон, фаъолони иҷтимоӣ ва дигар шаҳрвандони шинохтаро паст мезаданд.
Ба иттилои мақомоти милитсия, баъд аз муайян кардани шахсияти ӯ, корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шудаанд. ВКД таъкид мекунад, ки дар сурати идомаи чунин амалҳо, нисбат ба вай чораҳои қатъии қонунии ҷазодиҳӣ андешида хоҳанд шуд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба шаҳрвандон ҳушдор медиҳад, ки таъсиси саҳифаҳои интернетӣ бо номҳои сохта ва паҳн кардани маводи таҳқиромез боиси ҷавобгарии ҳуқуқӣ хоҳад шуд. Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад:
«Фаъолияти минбаъдаи чунин саҳифаҳо манъ гардида, шахсони масъул тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ