Муаллим бо иттиҳоми ҷинояти ахлоқӣ то 8 сол зиндон мешавад
Шаҳрванд Алимурзаев Улуғбек, сокини 50-солаи шаҳри Душанбе, ки ба таълими хусусии забонҳои хориҷӣ машғул буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба духтарон боздошт гардид.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, боздошти ӯ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино сурат гирифта, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.
Мақомоти тафтишотӣ муайян намуданд, ки Алимурзаев дар чандин ҳолат, бо истифода аз мавқеи омӯзгорӣ ва дастрасӣ ба муҳити таълимӣ, даст ба ҳаракатҳои бадахлоқона задааст.
Прокуратураи ноҳияи Сино нисбати ӯ бо иттиҳоми қисми 2-и моддаи 142-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, айни ҳол ӯ дар боздоштгоҳи пешакӣ қарор дорад.
Бар асоси қонунгузории амалкунанда, ба гумонбар ҷазо дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ