Муаррифгари савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҷаҳон
Дар ҷомеа шахсони меҳнатдӯст, дақиқкор, масъулиятнок мулоҳизакор зиёданд. Яке аз чунин инсонҳои комил ва соҳибфазилат собиқ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид маҳсуб меёбад. Онҳое, ки бо ӯ кор кардаанд, мегӯянд, ки Шариф Саид, воқеан ҳам, дорои даҳҳо сифатҳои олии инсонӣ аст. Ӯро дастгир ва муттакои мутахассисони ҷавон унвон мекунанд.
Ҳолдонҳо мегӯянд, ки вақте ки Шариф Саид раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон таъин шуд, ҳафтаи дуюми корӣ равобити тиҷоратиро бо Русия оғоз кард. Ӯ бо Примаков, ки Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия буд, мулоқот орост. Баъдан, дар шаҳри Душанбе бизнес-форуми соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он беш аз 400 соҳибкор иштирок карданд. Ин намоишгоҳе буд, ки бори аввал дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе гузаронида шуда, доираи васеи соҳибкоронро гирди ҳам овард. Ба Шариф Саид, собиқ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Евгений ПРИМАКОВ, академик, Президенти Палатаи савдо саноати Федератсияи Россия чунин баҳо додааст: «Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид зиёи асил ва ҳамаҷониба таҳсилдида мебошад. Дар як муддати кӯтоҳ ӯ тавонист, ки ташаббуси бузургро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ нишон диҳад. Бо итминон гуфта метавонам, ки Шариф Саид роҳбари сазовори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мебошад. Медонам, ки дар ҷомеа эҳтиром дорад, аммо аз ҳама муҳим ин аст, ки ватандӯст аст. Ва инро вай маҳз бо касби худ, эътимод ва суботкории худ исбот мекунад».
“Камина Шариф Саидро шахсан аз соли 1997, вақте ки ӯро муовини якуми раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъин карданд, мешиносам. Хизмати ӯ дар пешбурд ва инкишофи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ беҳамтост. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ, донишу маҳорат, ҳунару заковат ва таҷрибаи бои роҳбарии Шариф Саидро ба инобат гирифта, ӯро соли 2003 дар Анҷумани Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ раиси ин ниҳод интихоб намуданд, ки 15 сол вазифаи пурмасъулиятро бар зимма дошт. Дар тӯли 15 соли сарварӣ ба ӯ муяссар гашт, ки дар таъмини рушди иқтисодии кишвар тавассути васеъ намудани ҳамкориҳои иқтисодии байналмилалӣ дар шаклҳои мухталиф ҳиссаи хешро гузорад. Мавсуф аз зумраи он ходимони давлатӣ ва хоҷагидорониТоҷикистон мебошад, ки бевосита дар баланд бардоштани имиҷи тиҷоратӣ-иқтисодии ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳмгузор ҳаст”, — мегӯяд Муминҷон Шарифзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор.
Шариф Саид дар собиқаи кории худ дар тӯли беш аз 50 сол ҳамчун иқтисодчӣ аз вазифаи хурд, ҳисобчии бунгоҳи маҳсулоттайёркунии матлуботи ноҳияи Фархор то ба раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон расидааст. Ин роҳи пурфарозу тӯлонӣ чӣ қадар заҳматҳоро дар худ таҷассум менамояд. Шариф Саид мутахассиси мебошад, ки маҳз дониши баланд ва кордониву истеъдод ӯро зина ба зина боло бурдааст. Нақши Шариф Саид дар мустаҳкам намудани робитаҳои байни соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ чашмрас аст. Мавсуф махсусан дар ташкил ва баргузории даҳҳо ярмарка ва павилону намоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар хизмати шоиста намуда, дар баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҷумла, дар намоишгоҳи ЭКСПО – 2017 дар шаҳри Остонаи
Қазоқистон павилони Тоҷикистон дар байни 115 давлат Ҷоизаи тиллоӣ ба даст овард. Дар даврони соҳибихтиёрӣ бори нахуст аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ин пирӯзӣ ноил гашт ва дар ин дастоварди бузург саҳми Шариф Саид назаррас дониста мешавад.
Шариф Саид тӯли фаъолият вуҷудашро фақат барои ободии диёр, баланд бардоштани некуаҳволии халқ бахшид. Ҳоло ҳам талош менамояд, ки саҳми худро дар ин ҷода гузорад. Ӯ ҳамроҳи фарзанд ва бародаронаш соли гузашта дар кучаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе як майдончаи замонавии варзишӣ бо гулгаштро, ки 600 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст, сохта мавриди истифода қарор дод. Имрӯз Шариф Саид даврони пирӣ меронад ва ҷашни зодрӯз дорад. Ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ орзу менамоем.
Бахтовар САФАРОВ, журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ