Муаррифии лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар Донишгоҳи Акитаи Ҷопон дар муаррифии лоиҳаи iTAG-SATREPS, ки аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони тоҷик пешниҳод гардидааст, иштирок намуд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи iTAG-SATREPS — «Сохтмони низоми гармидиҳии декарбонатӣ бо истифода аз захираҳои оби зеризаминӣ» дастгирии техникӣ буда, ба таъсису ҷиҳозонидани озмоишгоҳ ва сохтмони ду истгоҳи    гармидиҳӣ-сардкунии бино равона гардидааст.

Дар доираи ин лоиҳа истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунӣ барои 100 м2 дар назди бинои Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта шуда, рӯзҳои наздик бо насби таҷҳизоти зарурӣ ба истифода дода мешавад.

“Истгоҳи таҷрибавии гармидиҳӣ-сардкунии дуюм дар дармонгоҳи Мачитон ба нақша гирифта шуда, корҳои пармакунӣ оғоз ёфтаанд. Баъди пурра омӯхтани кори ин истгоҳҳо дар шароити Тоҷикистон тавсияи истифодаи он ба дигар муассисаҳо дода мешавад”,-иттилоъ доданд аз АМИТ.

Лоиҳаи iTAG-SATREPS аз ҷониби муҳаққиқи ҷавони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардида, бо дастгирии намояндагони Ҷопон амалӣ мешавад.

Тибқи қарордоди тарафайн, ба Донишгоҳи Акита аз ҳисоби муҳаққиқони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 3 нафар барои гузаштани курси магистрӣ, 1 нафар барои PhD ва 2 нафар барои гузаштани машғулияти такмили ихтисос фиристода шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *