Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит

Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №547 аз 2-юми ноябри соли 2007 расман таъсис ёфтааст. Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар  асоси (базаи) Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ, ки аз моҳи июни соли 1997 фаъолият менамуд, таъсис дода шудааст.

Ба муносибати 1310-солагии гиромидошти Имоми Аъзам-Абуҳанифа бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2009 №629 Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит номгузорӣ карда шуд.

Зокирзода Нусратулло Мелик, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон

Фаъолияти Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа дар заминаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада ба роҳ монда шудааст.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон муассисаи таълимии ягона дар самти таълими динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки дар фазои соҳибистиқлолӣ фаъолият намудани Донишкада, пеш аз ҳама барои ба танзим даровардани ҳаёти динии кишвар, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти динӣ, забономўзии аҳолӣ ва таъмини ходимони диние, ки дар руҳияи инсондўстӣ, ватандўстӣ, таҳаммулпазирӣ ва арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ тарбият ёфтаанд, мебошад. Бояд қайд намуд, ки таълими динӣ дар ДИТ дар доираи мазҳаби Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ба роҳ монда шудааст.

Донишкадаи исломии Тоҷикистон рисолати худро дар он мебинад, ки мутахассисони донишманду бофарҳанг, инсондўсту ватанпарвар, ҷавонони бонангу фориғ аз ҷаҳлу таассубро тарбия намуда, онҳоро дар рушду такомули ҳамаҷонибаи Ватан — Тоҷикистони азиз омода ва сафарбар намояд.

Таълим дар ДИТ тибқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шудааст. Донишкада дорои китобхона, толори мутолиаи китобҳо, маҷлисгоҳ, маркази тестӣ, маркази омӯзиши компютерии пайваст ба шабакаи Интернет, синфхонаҳои махсуси омӯзиши забонҳои русӣ,  арабӣ ва англисӣ мебошад. Барои мусоидат намудан ба раванди таълим ва пешбурди кори илмӣ-таълимӣ, фонди захираи китобхона мувофиқи фаъолияти самтҳои таълимӣ зиёд карда мешавад.

ФАКУЛТЕТҲО ВА КАФЕДРАҲО ДАР ДИТ

Имрӯз дар ДИТ 2 факултет — “Улуми исломӣ” ва “Филологияи Шарқ” амал менамоянд. Дар ДИТ 8 кафедра фаъолият доранд:

“Улуми Қуръон ва ҳадис”.

“Шариати исломӣ”.

“Забон ва адабиёти араб”.

“Таърих ва диншиносӣ”.

“Илмҳои ҷамъиятшиносӣ”.

Илмҳои табиӣ ва иттилоотӣ”.

“Забонҳо”.

“Педагогика ва мероси ниёгон”

ИХТИСОСҲО ДАР ДИТ

Қабули довталабон дар ДИТ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Таҳсил дар ДИТ ба тариқи рўзона, ғоибона — (фосилавӣ) ба роҳ монда шудааст.

Донишҷӯён баъд аз хатми ДИТ, ки муҳлати меъёри таҳсилашон 5-сола мебошад, аз рўи зинаи таҳсили бакалавр соҳиби чунин ихтисосҳо мегарданд:

1. 1-02030702 -“Забони хориҷӣ (арабӣ), информатика”(4900 сомонӣ).

2. 1-0230102 -“Таъминоти робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рўи самтҳо)” (5200 сомонӣ).

3. 1-02010205 -“Таърих, диншиносӣ” (3700 сомонӣ).

4. 1-21010103 -“Улуми исломӣ, матни классикӣ” (3700 сомонӣ).

5. 1-21010104 Улуми қуръонӣ, мероси хаттӣ” (3700 сомонӣ).

Суроғаи Донишкада: шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кўчаи Шодмонӣ 58/1

Телефон: (+992 37) 224-22-36

Факс: (+992 37) 224 20 55.

Email: [email protected]

Довталаби азиз, рақами бақайдгирии Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «208» мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *