Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд

Имрӯз, 3 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.

“Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин ба роҳбарияти Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Фонди Саудии Рушд барои иқдоми ҷудо намудани 100 миллион доллар барои татбиқи лоиҳаи неругоҳи барқи обии Роғун ва 30 миллион доллар барои амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо мувофиқи мақсад дониста шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки дар доираи ҳамкории судманд ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *