Мулоқоти Холиқзода бо намояндагони Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки саноатӣ ва тиҷоратии Чин (ICBC) мулоқот анҷом дод. дар доираи Ин мулоқот дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар Шоҳигарии Марокаш баргузор гардид,

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир намуда, масъалаҳои мавриди назар, аз қабили хизматрасонии хазинадорӣ, хадамоти нигоҳдорӣ, идора намудани дороиҳо, дигар хизматрасониҳои бонкӣ, аз ҷумла имконияти кушодани суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин васеъ намудани амалиёт тавассути суратҳисобҳои муросилотиро мавриди баррасӣ қарор доданд ва оид ба идома додани ҳамкорӣ дар оянда изҳори омодагӣ баён намуданд.

Ҳамчунин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Агентии рейтингии Moody’s мулоқот анҷом додааст.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳим, аз қабили фаъолияти бозорӣ, муносибат бо сохторҳои тиҷоратӣ, имкониятҳои васеъ намудани доираи ҳамкорӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки дар ин самт гуфтушунидро идома хоҳанд дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *