Носир Бозоров аз мақомаш озод шуд

Носир Бозоров, устоди варзиш оид ба самво аз мақоми раиси Федератсияи кураши Тоҷикистон озод шуд. Ӯ дар ин вазифа 20 сол фаъолият кард. Ба ҷойи Носир Бозор зимни як ҷаласа Зуҳуршо Нурмаҳмадзода интихоб гардид.

Нарзуллоҳи Латиф, шореҳи варзиш хабар медиҳад, ки  Зуҳуршо Нурмаҳмадзода раиси нави Федератсияи кураши Тоҷикистон  дар ҷаласаи Федератсияи кураш интихоб гардид. Ин ҷаласа 14-уми октябр дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и Душанбе доир гардид.

Зуҳуршо Нурмаҳмадзода ба ин вазифа номзади ягона будааст.

Гуфта мешавад, ки варзишгарони тоҷик дар риштаи гӯштини кураш дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин шаш нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

Зимнан, ду паҳлавони тоҷик — Хайрандеш Муродзода ва Ҳақназар Назаров — дар риштаи кураш дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *