Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дастаи АМА-ро мағлуб кард (аудио)

Бозии якуми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии тими ҷавонони мо анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, голҳоро аз ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев ба самар расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Ҳазза ба номаш сабт сохт.

Гуфта мешавад, ки 4-уми июн тимҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар Душанбе вохӯрии дувуми дӯстонаро анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *