Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ мусовӣ кард
Дастаи миллии футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 бозии санҷишии охирини худро дар шаҳри Ҷакарта анҷом дод.
Рӯзи 20 январ яккачини кишвар бо мунтахаби Арабистони Саудӣ рақобат карда, бо ҳисоби 1:1 мусовӣ бозӣ намуд. Голи Тоҷикистонро дарвозабон Фирӯз Бекмуродов ба самар расонд.
Қаблан футзалбозони тоҷик дар Ҷакарта аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда, Индонезияро 3:1 мағлуб карда буданд.
Дар қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Узбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ