Муовини вазири энергетика аз вазифааш барканор шуд

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуд. Дар ин бора, қарори Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон бо имзои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон содир шудааст. «Сорбон Холмуҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод шуд»,- иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотӣ роҳбари давлат.

Феълан маълум нест, ки Холмуҳаммадзода ба кадом вазифа гузаштааст. Аммо ин тағйирот баъди қатъи интиқоли ахири барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон амалӣ гардид. Зеро дар рӯзи аввали баҳор барқ дар бисёре аз навоҳӣ, аз ҷумла пойтахти кишвар қатъ гардид, ки ба иттилои масъулин ба далели садама дар хатҳои интиқол бинобар зиёд шудани сарборӣ рух додаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *