Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Австрия ниҳол шинонд

Дар Вена шоми дӯстӣ бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия дар қароргоҳи маҷаллаи дипломатии “Society Magazine” баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шоми дӯстӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати дипломатӣ, доираҳои иқтисодӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвари иқомат ширкат варзиданд.

— Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур маросими ниҳолшинонӣ аз ҷониби муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим ва сардори Департаменти Аврупои Шарқӣ, Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, сиёсати ҳамҷавории шарқии Иттиҳоди Аврупо ва шарикии шарқии Аврупои марказии Вазорати федералии корҳои аврупоӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Австрия Герҳард Зайллер ҳамчун рамзи дӯстии кишварҳо дар боғи қароргоҳи маҷаллаи мазкур сурат гирифт. Ба меҳмонон намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.