Мураббиёни кулуби футболи “Истиқлол” шартномаи худро тамдид накарданд
Мурабби дастаи “Истоқлол” Игор Черевченко бо сабаби беморӣ дигар шартномаи худ бо дастаи “Истиқлол”-ро тамдид накард. Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар дода аст.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва ситоди мураббиёни бошгоҳ таҳти роҳбарии сармураббии даста Игор Черевченко тасмим гирифтанд, ки шартномаҳои ба охир расидаро тамдид накунанд.
Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намуданд.
Бояд қайд кард, ки қаблан Игор Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ