Мурод Муродӣ барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода шуд

Имрӯз, 5 май дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва Pressa.tj маросими супоридани Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба номи Муродуллоҳ Шерализода баргузор гардид.

Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфт, ки дар рӯзи 5 май баргузор шудани ин маросим рамзӣ аст. “Зеро маҳз дар рӯзи 5 май, ки рӯзи матбуот буд, журналисти тоҷик, сармуҳаррири нашрияи “Садои мардум” ва вакили парлумон Муродуллоҳ Шерализода ба қатл расонида шуд”,-таъкид дошт номбурда.

Соли равон Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода насиби  рӯзноманигор ва устоди факултаи журналистикаи ДМТ, профессор  Мурод Муродӣ гардид. Нишони сарисинагӣ ва мукофоти пулии Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализодаро Шариф Ҳамдампур ба Мурод Муродӣ супорида, таъкид кард: «Мурод Муродӣ на танҳо омӯзгор ва пажӯҳишгар, балки намунаи ҳақиқии журналисти таҳлилгар аст. Ӯ бо таҳқиқу навиштаҳои худ ба боло рафтани сатҳи касбии ВАО-и кишвар саҳм гузоштааст».

Ҷоизаи махсуси ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ба номи Муродуллоҳ Шерализода соли 2016 аз ҷониби ҳафтаномаи “Тоҷикистон” таъсис ёфта, бори нахуст соли 2017 супорида шуд. Аз ҳамон сол ба ин ҷониб ин мукофот ҳамасола ба яке аз рӯзноманигорони кишвар супорида мешавад.

Одили Нозир, муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зикр кард, ки “Соли 2024 бахшида ба 100-солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаномаи “Тоҷикистон” озмуни “Достони тавлиди Тоҷикистон”-ро эълон кард. Дар ин озмун беш аз 70 мақолаи пажӯҳишгарону рӯзноманигорон ва адибону соҳибқаламон ворид шуд, ки беҳтаринҳои он дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj ба нашр расид. Ҳайати ҳакамони озмуни мазкур рӯзноманигор ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ғолиби ин озмун ва барандаи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода дар соли 2024 эълон намуд”.

Мурод Муродӣ баъди дарёфти ҷоиза изҳор дошт: «Қадрдонӣ бо ҷоизае, ки ба номи Муродуллоҳ Шерализода — рамзи матонат, ҷасорат ва хидмати беғараз ба мардум — номгузорӣ шудааст, барои ман шарафи бузург аст. Муродуллоҳ Шерализода на танҳо ҳамчун як рӯзноманигор, балки ҳамчун шахсе, ки барои рушди журналистикаи тоҷик ҷони худро нисор кард, намунаи ибрат аст. Ман ӯҳдадор мешуморам, ки ба арзишҳое, ки ӯ ба онҳо содиқ буд — ҳақиқат, адолат ва масъулияти иҷтимоӣ — пайравӣ намоям».

Пас аз супоридани ҷоиза ба ғолиб, маҳфили мазкур ба ёдоварии Муродуллоҳи Шерализода табдил ёфт, ки рӯзи 5 майи соли 1992 дар назди бинои парлумони кишвар ба қатл расонида шуд. Зикр гардид, ки Муродуллоҳ Шерализода нахустин қурбонии ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон буд. 

Рӯзноманигори маъруф ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулов гуфт: «Муродуллоҳ Шерализода шахсияте буд, ки барои рушди журналистикаи тоҷик саҳми назаррас гузоштааст. Бунёд ва идома ёфтани чунин ҷоизаҳо барои ташвиқ ва ҳавасмандсозии рӯзноманигорон ниҳоят муҳим аст».

Ҳуринисо Ализода, раиси Шӯрои ВАО дар суханронии худ қайд кард, ки чунин чорабиниҳо ба як анъанаи зебои касбӣ табдил ёфтаанд.  «Онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор аст, балки ба рушди имрӯзу фардои рӯзноманигории тоҷикӣ такони ҷиддӣ медиҳанд»,-изҳор дошт номбурда

Дар ҷараёни чорбаинӣ намояндаи парлумони кишвар Ҷалолзода Миршакар низ дар бораи шахсияти Муродуллоҳ Шерализода андеша баён карда, нақши ӯро дар рушди журналистикаи тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Ӯ зикр намуд, ки рӯзноманигороне мисли Шерализода намунаи ҷавонмардӣ ва садоқат ба касбанд ва зиндагии онҳо бояд барои наслҳои имрӯз дарси ибрат бошад.

Далери Абдуллоҳ, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», аз саҳми ҷоиза дар боло рафтани завқи касбӣ ёдовар шуда, гуфт: «Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода танҳо як унвони ифтихорӣ нест, балки рамзи қадршиносии заҳматҳои пурмаҳсули журналистон мебошад. Он журналистонро водор мекунад, ки ба навиштани мақолаҳои таҳлилӣ ва ҷустуҷӯкорӣ ҷиддитар назар андозанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *