Мушк он аст, ки худ бибӯяд…

ё сухане чанд аз рӯзгори олими шарафманди тоҷик муқими Узбекистон…

باز یک نوید خوش!

Шоири шинохтаи зуллисонайн (ду забона)-и тоҷик, муқими кишвари Ӯзбекистон, донишманди фарзона, доктори улуми фалсафа, устоди Донишгоҳи давлатии Ховаршиносии Ӯзбекистон, адабиётшинос, мутарҷим ва рӯзноманигори фарҳехтаву чирадасти ду миллат, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, устод Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ( Джафар Мухаммад ) ба узвияти АНҶУМАНИ ИЛМИИ НАҚДИ АДАБИИ ЭРОН пазируфта шуданд.

Дар ин бора бо ирсоли нома ва Гувоҳиномаи узвият раиси мӯҳтарами он марҷаъи бонуфуз ва муътабари Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Иброҳими Худоёр иттилоъ додаанд.

Ҷои хушнудӣ ва ифтихор аст, ки ҳамзабонони эронии мо дар паҳлӯи дастовардҳои барозандаи устод Ҷаъфар Муҳаммад дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва илмӣ (фалсафӣ) аз ин ҷанбаи дигари фаъолияти муҳим ва пуррангу босамари эшон (нақди адабӣ ва адабиётшиносӣ) низ арҷу қадрдонӣ намудаанд.

Ин мартабаи арзанда ва сазоворро ба Устоди азиз ва тамоми ҷомеаи адабию фарҳангии мо муборакбод мегӯям!

МАТНИ НОМА БА ХАТТИ СИРИЛЛИК:

Анҷумани илмии нақди адабии Эрон

Iran Academy of Literary Criticism

1401/01/18

No.104 N/A

Ба номи Худованди ҷону хирад!

ГУВОҲИИ УЗВИЯТ

Бо салом, гувоҳӣ мешавад ҷаноби оқои доктор Ҷаъфар Муҳаммад Холмуминов аз Ҷумҳурии Ӯзбакистон аз соли 1400-и шамсӣ /соли 2021 милодӣ узви расмии «Анҷумани илмии нақди адабии Эрон» аст. Маротиб ҷиҳати ҳар гуна иқдоми лозим эълом мешавад.

Бо ташаккур,

Доктор Иброҳими Худоёр

Раиси Анҷумани илмии нақди адабии Эрон

(Маротиб- дараҷа ва рутба шарҳи Ҷ.О.)

باز یک نوید خوش!

شاعر شناختهٔ ذوالسانین تاجیک، مقیم کشور ازبکستان، دانشمند فرزانه، دکتر علوم فلسفه، استاد دانشگاه دولتیٔ خاورشناسیٔ ازبکستان، ادبیات‌شناس، مترجم و روزنامه‌نگار فرهیخته و چیره‌دست دو ملّت، عضو انجمن ادیبان ازبکستان و تاجیکستان، استاد جعفر محمّد ترمذی به عضویت انجمن علمیٔ نقد ادبیٔ ایران پذیرفته شدند.

در این باره با ارسال نامه و گواهینامهٔ عضویت رئیس محترم آن مرجع بانفوذ و معتبر جمهوریٔ اسلامیٔ ایران جناب آقای ابراهیم خدایار اطلاع داده‌اند.

جای خوشنودی و افتخار است که همزبانان ایرانیٔ ما در پهلوی دستاوردهای برازندهٔ استاد جعفر محمد در جادهٔ شعر و شاعری و علمی (فلسفی) از این جنبهٔ دیگر فعالیّت مهم و پررنگ و باثمر ایشان (نقد ادبی و ادبیات‌شناسی) نیز ارج و قدردانی نموده‌اند.

این مرتبهٔ ارزنده و سزاوار را به استاد عزیز و تمام جامعهٔ ادبی و فرهنگی ما مبارکباد می‌گویم!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.