Мушкилоти экологӣ дар Душанбе ва роҳҳои ҳалли он

Аз  авали соли ҷорӣ то имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон беш аз 400 ронанда барои боло рафтани меъёри партовҳо ҷарима шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Душанбе, барои ба эътидол овардани вазъияти ҳаво дар шаҳр ҳар сол нақшаи кабудизоркунӣ тартиб дода мешавад. Он шинондани дарахтон, инчунин, кишти майдонҳои алафзор ва шинондани гулҳоро дар бар мегирад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи экология, сафедор бештар оксиген тавлид мекунад.

Дар доираи барномаи «Шаҳри сабз» раиси шаҳр фармонро дар бораи то соли 2026 гузаштани нақлиёти шаҳрӣ ба системаи барқӣ ба имзо расонд.

Ҳоло ба гуфтаи мақомоти шаҳрдорӣ, дар шаҳри Душанбе 623 автобус, 104 троллейбус ва ҳамчунин 1557 микроавтобус ва 4350 таксӣ сабти ном шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *