Ҳушдор! Дар Душанбе боз оби ошомиданӣ қатъ мегардад

Рӯзҳои 19-20 октябри соли равон дар бархе аз манотиқи шаҳри Душанбе оби ошомиданӣ қатъ мешавад. Ба гуфтаи мақомоти пойтахт, дар чаҳорчӯби Барномаи чорабиниҳо оид ба таъмиру насби таҷҳизот дар истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» об қатъ мешавад.

Об аз соати 22:00 –и 19-уми октябр то 8:00 –и 20-уми октябр қатъ карда мешавад.

Дар ноҳияҳо ва кӯчаҳои зерин об қатъ хоҳад шуд: 

-ноҳияи Сино

маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи    давлатии«Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ

хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шоҳтемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *