Чаро Роналду аз бозӣ хориҷ шуд?

Роналду пас аз ҳамлаи як мухлис дар бозии интихобии Евро-2024 ҷароҳат бардошта, иваз карда шуд.

Ҳамлагари Португалия Криштиану Роналду ҳангоми бозии интихобии Чемпионати Аврупо-2024 бо тими Босния ва Ҳерсеговина мавриди ҳамлаи як мухлис қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои Matchtv.ru, дар поёни қисми аввал бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи меҳмонон, як мухлисе бо телефон ба майдон давида, ба рӯи Роналду худро партофтааст. Стюардҳо зуд дахолат карда, мухлисро аз португалӣ дур карданд. Дар ҳамин ҳол, ҳангоми ҷанҷол касе пои Криштианро пахш кард. Ӯ аз пой ҷароҳат бардошта, симпас дар бозӣ иваз карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *