“Мусиқӣ ҳаром”. Ин ҳукм аз кай роиҷ шуд? 

Борҳо бо гӯшамон шунидем ва аз он ҳамеша зиқ шудаем, ки бархе ба истилоҳ диндорону мазҳабиёни маъруф бо номи мулло мусиқиро батамом ҳаром бароварда ва гӯё ба назарашон бо ин “кашфиёт”-ашон ба ҷомеа бомба партофтанӣ ва равиши ҷомеаро ба тарафи назокатношиносӣ ва зебоибадбинӣ тоб доданӣ шудаанд.

Аммо маълум мешавад, ки дар гузашта ҳам чунин ҷинсҳои дур аз зебоӣ ва кӯр аз назокат – назокатношиноси маҳз ва урён зиёд ҳузур доштаанд. Мулло дар ҳар давру замон мулло буда ва муллогиашро мекардааст.

Тафсилаш:

Ёддоштҳои хондании яке аз ҳамсафону ҳамфикрони бисёр баландтабъу маърифатдӯст ва ҳунаршиноси  Садриддин Айнӣ – Ғуломризо Изомӣ моро бо бисёр нуктаҳои муҳим ошно месозад. Ин асар, ба гуфтаи муаллиф, бо таъсир ва қуввати “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ ба услубу санъати “тасалсули афкор” навишта шуда ва дар он қиссаҳое аз мақому мартабаи устод Айнӣ фароҳам омадааст.

Дар ин ёддошти Изомии хушнавис, аз ҷумла, дар бораи вазъи мусиқии замони амирӣ ва завқи бисёр пасту залили мусиқифаҳмии домуллоёни Бухоро чунин омадааст: “Дар давраи амирӣ дар Бухоро санъати мусиқӣ шунуд дошта бошад ҳам, вуҷуд надошт. Халқи Бухоро ҳарчанд дар орзуи ин санъат буданд, лекин муяссар намешуд. Ду-се нафар аҳли санъате, ки устодони мусиқишиноси машҳури ҳамон вақт ба шумор мерафтанд, монанди маҳбусон дар қайди дари хонаи амир буданд, ки инҳоро “рикобӣ” мегуфтанд. Кайфияти санъати инҳо махсус ба амир ва аҳли дари хонааш буду бас. Бечора халқи Бухоро аз ин кайфият тамоман маҳрум буданд.

Аксари домуллоҳои Бухоро, ки бинобар фаҳму ҳиссиёти мусиқӣ надоштанашон санъату аҳли онро бад медиданд, дар маҷлиси мусиқӣ нишастанро манъ мекарданд: “маҷлисаш фисқ, самоаш ҳаром, лаззат гирифтан фалон!…” мегуфтанд. Дар ҳамчунин вақт устод Айнӣ ҳиссиёти мусиқишиносиро гум накарда буданд, ин санъат ва аҳлашро дӯст медоштанд. Дар куҷо ва кадом тавре ки бошад, бо аҳли ин санъат ёр, ба шуниданаш тайёр буданд…”.

Ин ёддоштҳо бо номи “Ёди он рӯзҳо” дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (1964, № 7) ба нашр расидаанд, ки бисёр хонданӣ ва ҷолиби таваҷҷуҳ аст ва саҳифаҳои пурбори таърихи адабиёт, чигунагии шеъру шоирӣ, набардҳо барои мактабу маорифи нав ва мусиқии миллии моро фаро мегиранд.

Субҳон АЪЗАМЗОД,

адабиётшинос

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *