Мусовии “Реал Мадрид” ва “Ман Сити” дар Лигаи Чемпионҳо

Футболбозони “Реал”-и Испания дар бозии аввали даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо бо тими “Манчестер Сити”-и Англия мусовӣ карданд.

Вохӯрӣ дар Мадрид бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати мизбонон тӯбро Винисиус Ҷуниор (дақиқаи 36-ум) ба самар расонд. Аз меҳмонон голро Кевин Де Брюйне (67) зад.

Тибқи иттилои вебсайти Иттиҳоди Ассотсиатсияҳои Футболи Аврупо (УЕФА) ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Карим Бензема ва ҳамлагари “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд ба ҳайси ҳайати ибтидоии даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо ном бурда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *