Мустафо Абдуев дар Маскав медали нуқра ба даст овард

Мустафо Абдуев бо тахаллуси Муборизи Набӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ иштирок намуда, миёни варзишгарони  35 давлати дунё  мақоми дуюмро гирифт.

Тавре ки наздикони Мустафо Абдуев ба сомонаи “Pressa.tj” хабар доданд, ин мусобиқаи варзишӣ 7- уми декабри соли равон дар шаҳри Москва баргузор гардид, ки зиёда аз 35 давлати дунё ва беш аз 40 ҳазор варзишгарон иштирок намуданд. Дар ин Чемпионат варзишгари тоҷик Мустафо Абдуев бо тахаллуси Муборизи Набӣ, дар вазни 67,5 кг иштирок карда, соҳиби ҷойи 2-юм ва медали нуқра гардид.

 Ёдовар мешавем, ки 27 октябри соли 2017 Мустафо дар ҳамин намуд чемпионат иштирок карда, соҳиби ҷойҳои 1-ум ва 2-юм гардида буд. Мустафо Абдуев зодаи шаҳри Панҷакент мебошад. 

Номбурда аз соли 2004 инҷониб ба ҳамин намуд варзиш машғул аст. Дар мусобиқаҳои гуногуни  ватанӣ низ  оид ба вазнбардорӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва беш аз 20 медал ба даст овардааст. Устоди аввалинаш Шуҳрат Нарзиев мебошад. Аз соли 2015 дар шаҳри Москва, дар мусобиқаҳо оид ба вазнбардорӣ иштирок намуда, беш аз 20 маротиба чемпиони Москва ва 3 карат рекордсмен шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *