Музокироти таърихии Русия ва ИМА. Ояндаи Украина чӣ мешавад?
Дар шаҳри Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ музокироти муҳим миёни ҳайатҳои Русия ва ИМА оғоз шуд. Ин мулоқот пас аз чанд соли қатъи гуфтугӯҳо баргузор мегардад.
Дар гуфтушунидҳо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва ёвари Владимир Путин Юрий Ушаков ширкат доранд. Аз ҷониби Амрико котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллии Трамп Майк Валс ва фиристодаи Ховари Миёна Стив Виткофф ҳузур доранд.
Бар асоси маълумоти расонаҳо, яке аз мавзӯъҳои асосии гуфтушунид баррасии бӯҳрони Украина мебошад. Гарчанде ҷузъиёти мулоқот махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Мавқеи ИМА дар ин гуфтушунид оид ба масъалаи Украина дар матолиби ВАО рӯшантар мегардад.
Ба иттилои нашрияи «Телеграф», Вашингтон қасд дорад на танҳо назорати маъданҳои муҳими Украинаро ба даст гирад, инчунин созишномаҳое дар бораи тақсими даромад аз захираҳои табиии ин кишварро имзо намояд.
Аврупо аз ин музокирот канор мондааст ва раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо инро бо норозигӣ қабул кардаанд. Ба гуфтаи манбаъҳо, дипломатҳои Брюссел эҳсос мекунанд, ки ИМА манфиатҳои Аврупоро нодида гирифтааст.
Ҳоло сарнавишти минбаъдаи муносибатҳои Русия ва Амрико дар фазои норавшани геополитикӣ қарор дорад. Оё ин гуфтугӯҳо ба беҳбуди вазъият мусоидат мекунанд ё танҳо як бозии навбатии сиёсӣ хоҳанд буд? Барои ҷавоб бояд натиҷаҳои мулоқоти Риёзро интизор шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ